Салом
Ташаккур барои савол. Айни замон барои паст кардани сарбории вируси гепатити С якчанд намуди маводҳои дорувори мавҷуд аст, ки дар муддати 3-моҳ сарбории вирусиро ба 0(нол) оварда мерасонад. Таҷриба нишон дод ки беморон муддати 3-моҳ табобат мегиранд ва дар онҳо самаранокии табобат дида мешавад. Ва дар як сол як бор такроран аз ташхиси сарбории вируси гузаронида мешавад ва дар ҳолати баланд будани сарбории вируси табобати такрори таъин карда мешавад.
Бо эҳтиром,
Рамшед Холназаров