Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

AFEW-Тоҷикистон усулҳои нави кор ва рушди Шӯроҳои намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро ҷорӣ менамояд

  logo btg-tagline 2013                                                        logoafew tajikistan-01

 

fotohatlontj17 ва 24 майи соли 2018 дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтари вилояти Хатлон вохӯриҳои навбатии намояндагони Маркази Ҷумхуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, AFEW-Тоҷикистон, ташкилотҳои хизматрасон, ки дар соҳаи ВНМО фаъолият менамоянд ва ҷомеаи нашъамандони тазриқӣ ташкил карда шуданд. 

Мақсад аз чорабинӣ ин шиносоии шарикон бо  усулҳои нави AFEW-Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани дастрасии гурӯҳҳо осебпазири аҳолӣ ба онлайн машваратҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҳуқуқшиносони портали www.afew.tj ва хизматрасонии тесткунонии фаврӣ ва машварати тотестӣ оиди ВНМО дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ буд.

Дар рафти вохӯрии корӣ AFEW - Тоҷикистон маълумот доир ба модели инноватсионии ичтимоии аз нав ҳамгироии нашъамандони тазриқӣ, ки ба дастгирии худидоракунӣ ва ҳавасмандии нашъамандони табобатшудаистода ба пайравии доимии ТЗР ва ТҶЁ, омӯзшҳои касбӣ, омӯзиши банақшагирии бизнес ва шуғли минбаъда равона карда шудааст, пешниҳод намуд.

fotohatlontj.2pngДар соли 2018, AFEW - Тоҷикистон татбиқи стратегияи дарозмуддати худро оид ба васеъ намудани иштирок ва ҷалб намудани гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣба банақшагирӣ, татбиқва мониторинги лоиҳаҳое, ки дар соҳаи ВНМО/БПНМ амалӣ карда мешаванд, идома медиҳад. Дар рафти вохӯрӣ AFEW-Тоҷикистон натиҷаҳои таъсис додани Шӯроҳои намояндагони осебпазири аҳолӣва ҷорӣ намудани низоми баррасии шикоятҳои мизоҷон дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд пешкаш намуд. Маълумот дар бораи системаи шикоятҳо ва кор дар таъсиси Шӯрои намояндагон ГОА аз ҷониби роҳбари ташкилоти ҷамъятии  «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО» пешниҳод карда шуд.

Чорабиниҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО» ВТҲИА ҶТ дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: тандурустӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд. 3 майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии кории шабеҳ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ баргузор гардида буд. маълумоти пурра

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.