7-8 июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии кории навбатии ташкилотҳои ҷамъиятие, ки хизматрасонии машварти тотестӣ ва ташхиси ВНМОро барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд, баргузор гардид.
Дар рӯзи аввали вохӯрӣ маълумот доир ба чорабиниҳои асосии Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2017-2020 ва дастовардҳо дар татбиқи нуқтаҳои машварати тотестӣ ва ташхиси ВНМО дар Тоҷикистон пешкаш карда шуд.
Иштирокчиён доир ба дастовардҳои худ оид ба ҷорӣ намудани хизматрасонии машварати тотестӣ ва ташхиси ВНМО ва мусоидат дар оғози табобат ва пайравӣ ба ТЗР дар байни мизоҷони бо ВНМО дарёфт шуда нақл карданд.
Дар рӯзи дуюм машқҳои гурӯҳӣ ва инфиродӣ барои омӯзиш ва коркарди малакаҳои амалӣ дар ташкили машварати тотестӣ ва ташхиси фаврии ВНМО гузаронида шуданд. Мутахассисони Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД кормандони ташкилотҳои ҷамъиятиро бо механизми табодули иттилоот ва идоракунии табобати мизоҷони мубталои ВНМО, ки дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои СПИД дарёфт карда шудаанд, шинос карданд.
“Ман ҳамеша бохушнудӣ дар чорабиниҳои омӯзишии AFEW-Тоҷикистон иштирок мекунам. Гарчи мо дар пешкаш намудани хизматрасониҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таҷрибаи бой дорем, эҳтимол мекунем, ки ягон кас ба мо ягон чизи нав омӯхта наметавонад, мо аллакай ҳама чизро медонем. Бо вуҷуди ин, тренингҳои AFEW-Тоҷикистон исбот мекунанд, ки дар роҳи камолот ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Ҳамеша чизе ҳаст, ки мо онро бояд биомӯзем ва барои он талош хоҳем кард, ва AFEW - Тоҷикистон дар ин ҳамеша ба мо кӯмак мерасонад” - фикри худро изҳор намуд Хуршеда Самидҷонова, иштирокчии вохӯрии корӣ.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ «AFEW-Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД» ВТҲИА ҶТ дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: тандурустӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд.
Маълумотнома: Айни замон бо дастгирии AFEW-Тоҷикистон, чор ташкилоти ҷамъиятӣ нуқтаҳои ташхиси ВНМО-ро таъсис намуда хизматрасониҳои машварати тотестӣ ва ташхиси фаврии ВНМО-ро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд пешкаш менамоянд. Ду ташкилоти ҷамъиятии дигар корҳо оид ба таъсиси нуқтаҳои ташхис ва машварати ВНМО-ро дар шаҳрҳои Хоруғ ва Панҷакентро ба анҷом расонида истодаанд. То 1 июни соли 2018, 1330 сокинони кишвар аз хизматрасонии нуқтаҳои машваарти тотестӣ ва ташхисис ВНМО истифода бурданд. Дар натиҷа, 7 ҳолатҳои нави ВНМО аз ҷониби марказҳои СПИД тасдиқ карда шуд, ва дар 9 ҳолат ҳодисаҳои ВНМО бори дигар тасдиқ карда шудаанд. 6 нафар аз 7 беморони мубталои ВНМО табобати зиддиретровирусиро оғоз намуданд.