Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ВАСЕЪ НАМУДАНИ ФАРОГИРИИ АҲОЛӢ БО МАШВАРАТИ ТОТЕСТӢ ВА ТАШХИСИ ВНМО

logo btg-tagline 2013                             gerb                           logoafew tajikistan-01

 

7-8 июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи кории навбатии ташкилотҳои ҷамъиятие, ки хизматрасонии машварти тотестӣ ва ташхиси ВНМОро  барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд, баргузор мегардад.

Дар рӯзи аввали ҷаласа маълумот доир ба чорабиниҳои асосии Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2017-2020 ва дастовардҳо дар татбиқи нуқтаҳои машварати тотестӣ ва ташхиси ВНМО дар Тоҷикистон пешкаш карда мешавад.

Дар рӯзи дуюм машқҳои гурӯҳӣ  ва инфиродӣ барои омӯзиш ва коркарди малакаҳои амалӣ дар ташкили машварати тотестӣ ва ташхиси фаврии ВНМО пешбинӣ карда шудаанд. Мутахассисони Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД кормандони ташкилотҳои ҷамъиятиро бо механизми табодули иттилоот ва идоракунии табобати мизоҷони мубталои ВНМО, ки дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои СПИД дарёфт карда шудаанд, шинос менамоянд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ «AFEW-Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД» ВТҲИА ҶТ дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: тандурустӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда мешавад.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.