Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ВНМО ДАР БАЙНИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       logo btg-tagline 2013                     gerb                      logoafew tajikistan-01

 

2maytj2 июли соли 2018 ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СФШҒ-Тоҷикистон» ба амалигардонии нақшаи муштарак оиди гузаронидани дарсҳои кӯтоҳмуддат дар мавзӯи:«ВНМО/БПНМ ва ташкил намудани машварат ва ташхиси ихтиёрии бемории ВНМО дай байни кормандони системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз намуд.

Мутобиқи нақша, ки аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, аз 3-юми июл то 31 августи соли 2018, кормандони СФШҒ-Тоҷикистон бо мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои кӯтоҳмуддати иттилоотро дар мавзӯи: 2maytj2«ВНМО: Роҳҳои сироят ва чорабиниҳои пешгирӣ» ташкил мекунад. Дар дарсҳои кӯтоҳмуддат сарбозони хадамоти бехатарӣ ва кормандони ғайритиббии муассисаҳои ислоҳии калони  шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, Ёвон ва Хуҷанд иштирок мекунанд. Дар охиридарсҳои кӯтоҳмуддат, ба хоҳишмандон гузаштани  машварат ва ташхиси ихтиёрӣ оид ба ВНМО пешниҳод карда мешаванд.

Чорабиниҳои муштарак дар доираи лоиҳаи "Коҳиши норасоӣ: саломатӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ - 2.0", ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда 2maytj3мешаванд.

 

Маълумот: ТҶҶ "СФШҒ-Тоҷикистон" аз соли 2003 барномаҳои пешгирикунандаи ҳифзи саломатӣ, пешгирии ВНМО ва пешгирии бемории силро дар Системаи иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

 

 

http://www.afew.tj/tg/gallery/428-tashkhisi-vnmo-dar-muassisahoi-islohi.html

 

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.