Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ НУҚТАИ НАВИ МАШВАРАТИ ИХТИЁРӢ ВА ТАШХИСИ ФАВРИИ ВНМО ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ КУШОДА ШУДАНД

logounaids          logo btg-tagline 2013             logoafew tajikistan-01

 

postrelizdkt1tj5 июл дар ш. Панҷакент ва 10 июли соли 2018 дар ш. Хоруғ маросими кушоиши нуқтаҳои нави машваратҳои ихтиёрӣ ва ташхиси фаврии ВНМО дар назди ташкилотҳои ҷамъиятии «Бузург» ва «Волонтер» баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои расмӣ 45 намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбарони марказҳои минтақавии ВНМО, марказҳои саломатии репродуктивӣ ва банақшагирии оилавӣ, хадамоти наркологӣ, муассисаҳои зиддимонополӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, мизоҷони барномаҳои пешгирикунанда ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Баъди табодули расмии намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва хадамоти тандурустӣ, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии «Бузург» ва «Волонтер» шариконро бо равандҳои таъсиси нуқтаҳои машваратҳои ихтиёрӣ ва ташхиси фаврии ВНМО, тайёр намудани ҳуҷҷатҳо ва омодасозии пешкаши хизматрасонӣ ба мизоҷони худ шинос намуданд.

postrelizdkttjЧорабиниҳои шарикон таҳти сарпарастии идораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» ВТҲИА ҶТ баргузор гардиданд.

Таъсис ва таҷҳизонидани нуқтаҳои МТИ, омӯзиши кормандон ва оғози хизматрасонии машварати ихтиёрӣ ва ташхиси фаврии ВНМО дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо кӯмаки техникии дафтари UNAIDS дар Тоҷикистон ва лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: саломатӣ ва хуқӯқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ -2.0», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, имконпазир шуд.

Маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «СФШҒ-Тоҷикистон» аввалин ташкилоти ҷамъиятии Тоҷикистон аст, ки хизматрасонии машварати ихтиёрӣ ва ташхиси фаврии ВНМОро дар назди намояндагии худ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оғоз намуд. Айни замон, бо дастгирии «СФШҒ-Тоҷикистон» 6 нуқтаҳои МТИ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ хизматрасониҳои худро ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Панҷакент ва Хоруғ пешкаш менамоянд.

Аксҳо:  http://www.afew.tj/tg/gallery/455-nuktahoimitnazditj.html

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.