Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

НАМОЯНДАГОНИ ШӮРОҲОИ ГУРӮҲҲОИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ САҲИЯИ ДОНИШИ ХУДРО ОИД БА БАРНОМАҲОИ ПАСТ КАРДАНИ ЗАРАР ВА ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ БАЛАНД МЕНАМОЯНД

        logo btg-tagline 2013                                                      logoafew tajikistan-01

 

1treningkgntj14 июли соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши серӯза дар мавзӯи “Паст кардани зарар ва дастгирии иҷтимоӣ” бо иштироки 24 намояндагони Шӯроҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон ва Суғд, анҷом ёфт.

Дар оғози соли 2018, чор ташкилоти ҷамъятӣ ба татбиқи Стратегияи AFEW-Тоҷикистон шӯруъ карданд, ки он барои ҷалб намудани гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба равандҳои рушд, амалигардонӣ ва мониторинги лоиҳаҳои пешгирии ВНМО ва дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ равона карда шудааст.

2treningkgntjДар давоми омӯзиши интерактивӣ иштирокчиён бо ҳадафҳо, вазифаҳо, хизматрасониҳо ва нишондодҳои асосии барномаҳои паст намудани зарар ва дастгирии иҷтимоӣ шинос шуданд.

Дар охир, намояндагони шӯроҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ вазифаҳои Шӯроҳоро муфассал муҳокима карданд ва бо муқаррароти системаи шикоятҳои мизоҷон, ки аз хизматрасониҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ истифода мебаранд, шинос шуданд.

Чорабинӣ аз тарафи ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии AFEW-Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Коҳиши норасоӣ: саломатӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ – 2.0”, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд.  

Аксҳо: http://www.afew.tj/tg/gallery/337-chorabinihoi-talimi.html

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.