Аз 23 то 27 июли соли 2018, дар шаҳри Амстердам, Нидерландия конфронси XXII-ми байналхалқӣ оид ба БПНМ баргузор гардид. Конфронси байналхалқӣ оид ба БПНМ 2018 калонтарин конфронсе мебошад, ки ба мушкилотҳои ҷаҳонӣ оид ба саломатӣ бахшида шуда буд.
Конфронси байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Бартарафкунии монеаҳо ва бинои пулҳо» баргузор карда шуд ва диққати иштирокчиёнро ба зарурати равишҳои ҳуқуқӣ дар ҷалби бештар ва ҳимояи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Африқои Шимолӣ ва Шарқи Назик, ки дар он ҷо афзоиши ноустувори эпидемияи ВНМО дида мешавад, ҷалб намуд.
Дар конфронс зиёда аз 15 ҳазор нафар иштирокчиён аз ҷумла олимон, шахсони бо ВНМО зиндагоникунанда, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолон, ширкатҳои фармасевтӣ, мутахассисони соҳаи тиб, сиёсатмадорон, раҳбарони ҷаҳонӣ ва инчунин рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «AFEW-Тоҷикистон» ҳамчунин дар Конфронс иштирок намуд ва таҷрибаи худро дар соҳаҳои пешгирии ВНМО дар муассисаҳои ислоҳӣ, натиҷаҳои тадқиқот оид ба муайян намудани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ, аз нав ҳамгироии заноне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, онлайн машваратҳо, инчунин натиҷаҳои ҷалби намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар мониторинги хизматрасониҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб шудаанд, паҳн намуд.