Бинобар ба анъанаҳои муқарраршуда, аз 23 то 25 октябри соли 2018, шабақаи AFEW бо иштироки ташкилотҳо, аъзоёни шабақа ва шарикони он аз Нидерландия, Украина, Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Полша ва Венгрия «Мактаби тирамоҳӣ»-и шабақаи AFEW-ро мегузаронад.
«Мактаби тирамоҳӣ» - имконияти аълои шиносоӣ бо ҳаёти ташкилотҳои шабақаи AFEW ва шарикони он, ҳис кардани муҳити беназири ҳамфикронро медиҳад. Мактаб имконияти мубодилаи маълумот ва таҷриба, шинос шудан бо фарҳанги кишвари қабулкунанда ва малакаи кори гурӯҳиро медиҳад.
Имсол, Мактаб дар шаҳри Киеви Украина мегузарад. Барномаи Мактаб муҳокимаи масъалаҳои мутобиқнамоии иҷтимоии нашъамандон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва васеъ намудани ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи "Коҳиши норасоӣ: саломатӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ - 2.0", ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ мешавад, баргузор мегардад.