Дар шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон трениги ду рӯза дар мавзӯи «Малакаҳои пешкаш намудани машварати пеш аз ташхиси ВНМО» баргузор гардид.
15-16 ноябри соли 2018 Ташкилоти Ҷумҳуриявии Ҷамъиятӣ «СФШҒ-Тоҷикистон» бо дастгирии Барномаи рушди СММ тренинги ду рӯза барои мушовирони баробари ташкилот ташкил намуд. Дар чорабинии мазкур 16 нафар мушовирони баробар, кормандони иҷтимоӣ, кормандони Намояндагии ТҶҶ “СФШҒ-Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон ва намояндаи маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМОи шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Омӯзиш дар шакли интерактивӣ ташкил карда шуд. Дар давоми чорабинӣ кормандони иҷтимоӣ ва мушовирони баробари лоиҳа мақсаду вазифаҳои пешкаш намудани машварати пеш аз ташхиси ВНМОро омӯхтанд. Иштирокчиёни омӯзиш дониши азхудкардаи худро доир ба алгоритми пешкаш намудани машварати пеш аз ташхиси ВНМО дар давоми корҳои гурӯҳӣ дар амал татбиқ намуданд ва малакаҳои пешкаш намудани машварати пеш аз ташхисро дар давоми фаъолиятҳои таҷрибавӣ такмил доданд.
Тренинг аз ҷониби ТҶҶ «СФШҒ – Тоҷикистон» бо мусоидати МД «Макази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза барзидди ВНМО» ВТҲИА ҶТ дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Хазинаи глобалӣ мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа (БР СММ-Тоҷикистон) маблагузорӣ карда мешавад, ташкил карда шудааст.
http://www.afew.tj/tg/gallery/337-chorabinihoi-talimi.html