Маълумот дар бораи Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон
Сафорати ИМА якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил, чорабиниро, ки ба пешниҳоди дастовардҳои Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушд (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон равона шудааст, ташкил намуд. Чорабинӣ ба саҳми Ҳукумати ИМА дар паст кардани шумораи ҳолатҳои беморӣ ва фавт аз бемории сил дар кишвар бахшида шудааст.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи Директори USAID дар Тоҷикистон, муовини Вазири тандурустӣ, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар соҳаи тандурустӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, табибон ва собиқ беморони сил аз ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқи Барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистонро тавассути расонидани хизматрасониҳои самарабахш ва дастраси пешгирикунанда, ташхисӣ ва табобати бемории силро дастгирӣ намуданд. Мақсади асосии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо буҷаи умумии 13,2 миллион доллари ИМА ва лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» бо буҷаи $ 3.1 милион доллари ИМА ин паст кардани сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи ин беморӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Дар тӯли панҷ соли охир барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва лоиҳаи «Мубориза бо бемории сил» беш аз 860 000 нафар аҳолӣ дар бораи бемории сил маълумот гирифтанд, кормандони тиббӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро бо усулҳои нави пешгирии бемории сил ва табобат дар асоси талаботҳои беморон омӯзонданд. Ҳамчун як қисми ин барномаҳо ташкили феҳристи электронии беморони сил аст, ки ин воситаи самаранок барои кормандон ва роҳбарони соҳаи тандурустӣ мебошад, ки ҳоло метавонанд маълумоти дақиқро барои мониторинг, арзёбӣ ва беҳтар кардани хизматрасонии пешгирӣва табобати бемориҳои сил дар Тоҷикистон дастрас намоянд. Дар доираи ин барномаҳо тақрибан 3,500 кормандони тиббӣ омӯзонида шуданд
Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар доираи барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил натиҷаҳои лоиҳаи худро дар Системаи иҷрои ҷазои ҷиноят пешниҳод намуд. Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии маҳкумшудагон дар бораи бемории сил; беҳтар намудани дастрасии маҳбусон ба ташхис ва табобати бемории сил; баланд бардоштани иқтидори кормандони тиббӣ ва ғайри тиббии муассисаҳои ислоҳотӣ; пешниҳоди хизматрасониҳои кӯмаки иҷтимоӣ барои беморони сил дар давраи гузариш; дастгирии ҳамоҳангсозӣ ва ҳамбастагии Системаи иҷрои ҷазои ҷиноят бо Барномаи миллии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ равона шуда буд.