Моҳи майи соли 2018 шаш ташкилотoои ҷамъиятии Тоҷикистонӣ, ки дар соҳаи ВНМО хизматрасонӣ мекунанд, аз ҷумла «AFEW-Тоҷикистон», «Вита», «СВОН Плюс», «Амали нек», «Волонтёр» ва «Бузург», протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи васеъ гардонии фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо хизматрасониҳои машварати тотестӣ ва ташхиси фаврии ВНМО (МИТ) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва Панҷакент, имзо карданд.
Дар асоси муқаррароти Қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2015 таҳти рақами 832 «Оиди такмили фарогирии аҳолӣ бо ташхиси ВНМО», иштирокчиёни Протокол дар ҳамкории зич бо марказҳои СПИД, ба дастовардҳои муҳимтарини Барномаи миллии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2017-2020 мусоидат мекунанд.
Моҳи ноября соли 2017 10 кормандони ташкилотҳои номбаршуда курси омӯзишии «Машваратдиҳӣ ва ташхиси ВНМО», ки аз ҷониби AFEW-Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи омӯзиши баъдидипломии кормандони тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда буд, аз худ карданд.
Аз моҳи декабри соли 2017 бо дастгирии AFEW-Тоҷикистон се ҳуҷраи нави МИТ пешкаши хизматрасонии худро барои мизоҷони ташкилотҳои ҷамъятии «Вита», «Амали нек» ва «СВОН Плюс» оғоз карданд.
Аз моҳи апрели соли 2018 ду ташкилотҳои дигар - «Волонтёр» ва «Бузург» - инчунин бо дастгирии AFEW-Тоҷикистон ба кори таҷҳизоткунӣ ва таъсиси ду нуқтаҳои нави МИТ шурӯъ намуданд.
То 1 майи соли 2018 аллакай 1193 сокини кишвар аз хизматрасонии машваратӣ ва ташхиси ВНМО дар назди чор ташкилотҳои ҷамъятӣистифода кардаанд. Дар натиҷа, 6 ҳодисаҳои нави ВНМО ошкор карда шуданд ва 9 ҳолати ВНМО аз нав тасдиқ карда шуданд. Ҳамаи шаш бемороне, ки бо ҳодисаи ВНМО ошкор карда шуда буданд, натиҷаҳои ташхиси фавриро дар назди марказҳои ВНМО тасдиқ намуда табобати зидди ретровирусиро оғоз намуданд.
Маълумотнома: Ҳуҷраҳои машваратдиҳии тотестӣ ва ташхиси ВНМО (МИТ) дар назди ташкилотҳои ҷамъятӣ дар Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 фаъолият менамоянд. Аввалин ҳуҷраи МИТ дар назди Намояндагии ТҶҶAFEW-Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон кушода шуда буд. Таъсиси ҳуҷраҳои МИТ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо сабаби муқаррароти фармони зикршудаи ВТҲИА ҶТ ва лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: тандурустӣ ва ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ -2.0», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, имконпазир гардид.