Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ДАР ТОҶИКИСТОН ШӮРОҲОИ НАМОЯНДАГОНИ ГУРӮҲҲОИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ РУШТ МЕЁБАНД

                                                                                                          logoafew tajikistan-01

 

 

 

sovetlgntj2tj

Дар оғози соли 2018 чор ташкилоти ҷамъиятӣ ба татбиқи стратегияи AFEW -Тоҷикистон доир ба иштироки васеи гурӯҳҳои осебпасзири аҳолӣ дар таҳия, иҷро ва мониторинги лоиҳаҳо оид ба пешгирии ВНМО ва дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир аҳолӣ шурӯъ намуданд.

Ташаббуси мазкури AFEW-Тоҷикистон се ҷодаи корро дар бар мегирад, ки онҳо -ташкил ва дастгирии Шӯрои намояндагони осебпазири аҳолӣ (Шӯроҳои ГОА), ҷорӣ намудани системаи барасии арзу шикоятҳои мизоҷони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи ВНМО хизматрасонӣ мекунанд (Системаи барасии арзу шикоятҳо) ва дастгирӣ намудани иштироки намояндагони Шӯроҳои ГОА дар мониторинги арзёбии лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: Саломатӣ ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0», ки аз ҷониби AFEW-Тоҷикистон ва боз ҳафт ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, мебошанд.

sovetlgntj1Ҳамин тариқ, аввалин Шӯрои намояндагони осебпазири аҳолӣ аз ҷониби AFEW-Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар таъсис дода шуд. Дертар чунин Шӯроҳои ГОА дар шаҳри Душанбе дар назди ТҶ «Вита», дар шаҳри Кӯлоб дар назди ТҶ «СВОН Плюс» ва инчунин дар шаҳри Хуҷанд дар назди ТҶ «Амали нек» таъсис дода шуданд. Ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО» ташаббуси мазкурро ҳамоҳангсозӣ намуда ба аъзоёни Шӯроҳои ГОА роҳбаладӣ мекунад.

Имрӯз 16 намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ фаъолона дар кори Шӯроҳо иштирок менамоянд ва ба баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасониҳо барои нашъамандон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба эпидемияи ВНМО мубтало гардидаанд ё бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, мусоидат мекунад. Вохӯриҳои шӯроҳо ба ҳамаи хоҳишмандон кушода мебошанд. Ҳар як мизоҷи ташкилотҳои ҷамъиятие, ки лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ: Саломатӣ ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0» -ро амалӣ мегардонад, метавонад дар кори шӯрои ГОА иштирок намуда фикру ақидаи худро доир ба сифати хизматрасониҳо баён намояд.

Маълумотнома: Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии AFEW-Тоҷикистон зиёда аз понздаҳ сол дар соҳаи тандурустии кишвар кор мекунад ва ба бехтар намудани саломатии инсон мусоидат менамояд. Ташкилот ба таҳкими саломатии инсон мусоидат намуда ба васеъ намудани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматрасонихо доир ба пешгирӣ, табобат ва нигохубин нисбати ВНМО, бемории сил, гепатити С ва инчунин, таъмини саломатии шахвонӣ ва репродуктивӣ кушиш мекунад.

AFEW-Тоҷикистон ташаббусҳои намояндагони ГОАро дастгирӣ намуда, усулҳои инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, сифати ҳаёт, қонеъ гардонидани мизоҷони худ равона карда шуданд, ҷорӣ менамояд. Ин ҳам дар навбати худ ба баланд бардоштани кори ташкилот ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳое, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешкаш карда мешаванд, мусоидат мекунад.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.