Маълумотнома
Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" барои амалӣ намудани марҳилаи дуюми лоиҳаи «Тақвияти иқтидори хизматрасонии тиббии муассисаҳои пенитенсиарӣ оид ба пешгирӣ, ташхис, табобати сирояти коронавируси COVID-19 ва таъмини назорати самараноки сироятӣ дар СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамояд.
Ҳадафи асосии лоиҳа ба пурзӯр намудани иқтидори хизматрасонии тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19, саривақт дарёфт намудан ва табобати беморон бо сирояти коронавирус ва таъмини назорати самараноки сироятӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, равона шудааст.
Дар доираи лоиҳа баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳбусон оид ба сирояти коронавирус, такмили малакаҳои касбии кормандони тиббии муассисаҳои ислоҳӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои маҳбусон ба дастрасии хизматрасониҳои асосии тиббӣ, инчунин гузаронидани чораҳои таъҷилии ташкилӣ, моддию-техникӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемиологӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад дар Тоҷикистон" маблағгузорӣ карда мешавад.
Давраи амалисозии лоиҳа: аз 12 июн то 12 ноябри соли 2020.