Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Тренинг: “Старт Плюс: дастгирии табобати беморони сил ва беморони сили мутобиқгашта дар муассисаҳои ислоҳӣ”

     usaid                             gerb                            afif

 

          Дастгирии маҳбусон ва собиқ маҳбусон дар табобати бемории сил ва барқарорсозии иҷтимоӣ

START PlusTR 1tjТашкилоти ҷамъиятии ҷумхуриявии "Афиф" дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи миллӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги дурӯза дар мавзӯи: "Старт Плюс: дастгирии табобати беморони сил ва беморони сили мутобиқгашта дар муассисаҳои ислоҳӣ". Тренинг дар санаҳои 2 ва 3 июли соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи "Пешгирӣ ва табобатӣ бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ", ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, барпо гардид.

Ҳадафи тренинги дурӯза - баланд бардоштани донишу малакаҳои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии бемории сил, дастгирии иҷтимоии маҳбусон ва маҳбусони озодшуда.

START PlusTR 2tjМақсади асосии лоиҳаи "Пешгирӣ ва табобатӣ бемории сил дар муассисахои ислохӣ" сафарбаркунии захираҳо ва мустаҳкам намудани иқтидори бахшҳои саломатии пенитенсиарӣ ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷиҳати татбиқи системаи устувори пешгирӣ, табобати саривақтӣ ва дастгирии пайравии табобати сил, сили мутобиқгашта ва Сил / ВНМО дар байни маҳбусон ва маҳбусон дар давраи озодшавӣ бо бемории сил, мебошад.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.