Маълумотнома
Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар моҳҳои май-июни соли 2020 як чанд дарсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддатро оиди пешгирии сирояти коронавирус (COVID-19) дар байни кормандон ва маҳбусони муассисаҳои ислоҳӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Норак, Хуҷанд, Ваҳдат ва Ёвон гузарониданд.
Дар рафти дарсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ба иштирокчиён маълумот оиди роҳҳои сироят ва чораҳои пешгирии сирояти коронавирус, ки аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсия дода шудааст, инчунин оиди таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои маҳбусон ба дастрасии кӯмаки аввалияи тиббӣ ва ёрии махсуси тиббӣ дар муассисаҳои маҳрум аз озодӣ, пешниҳод карда шуд.
Чорабиниҳои дар боло қайд намуда дар доираи лоиҳаи «Пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” маблағгузорӣ карда мешавад, гузаронида шуданд.