Маълумотнома
Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” маълумот медиҳад, ки бо сабаби пандемияи сирояти коронавирус (COVID-19) ва зарурати таъмини мунтазами кор оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО дар байни шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар доираи амалинамоии ЮНЭЙДС Барномаи кӯмаки техникӣ оид ба пешгирӣ ва назорати ВНМО/БПНМ ва дигар бемориҳои сирояткунанда дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Руссия, ҳайати кормандони саҳроӣ иборат аз 13 нафар барои дастгирии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Кӯлоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шуд.
Вазифаи асосии гурӯҳи кормандони саҳроӣ дар якҷоягӣ бо Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО кӯмак расонидан ба таъминоти доруҳои зиддиретровирусӣ барои 3-моҳ, риояи чораҳои эҳтиётии стандартӣ ва худмуҳофизатӣ, ташаббус ва пайравӣ ба терапия, расонидани кӯмаки равонӣ ва машваратҳои баробар тавассути онлайн шабакаҳои иҷтимоӣ, алоқа бо видео ва аудио бо 650 шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, мебошад.
Санаи 27 майи соли 2020 гурӯҳи кормандони саҳроӣ дар тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ», тавассути алоқаи интернет, ки аз ҷониби ТҶҶ “Афиф” бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кард, иштирок карданд. Дар давраи тренинг масъалаҳои ҳифзи шахсии гурӯҳи кормандони саҳроӣ ва чораҳои эҳтиётии асосӣ, ки шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва гурӯҳҳои осебпазир бояд барои пешгирии сирояти коронавирус COVID-19 риоя кунанд, дида баромада шуданд.
Дар баробари ин, гурӯҳи кормандони саҳроӣ бо воситаҳои алоқа, муҳофизати шахсӣ ва маводҳои безараркунанда таъмин карда шуданд.
Инчунин, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ки пайравӣ ба ТЗР мебошанд, бо маводҳои безараркунанда ва ғизо таъмин карда мешаванд.