Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

8 ва 11 майи соли 2020 ташкилоти ғайридавлатии амрикоии «Spirit of America» дар ҳамкорӣ бо ТҶҶ «Афиф», КҲФ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СРИҶҶ ВА ҶТ дар пешгирии паҳншавии COVID-19 дастгирӣ карданд

 

KCHS support.tj

 8 ва 11 майи соли 2020 ташкилоти ғайридавлатии амрикоии «Spirit of America» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии «Афиф», Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дастгирӣ карданд.

 

 

KCHS support2.tj

Муассисаҳои давлатӣ бо маводҳои муҳофизатии инфиродии зерин таъмин карда шуданд:

- таҷҳизоти дорупошӣ бо маводи безараргаркунанда - 20 адад

-гипохлорит Ca - 300 кг

дастпӯшакҳои яккарата - 25,000 ҷуфт

ниқобҳои тиббӣ - 6500 дона.

 

Маблағи умумии кумак 84 150 сомониро ташкил намуд.

Ҳамзамон, кормандони Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии «Афиф» аз ҳисоби шахсии худ 90 кг. гипохлорити Ca ба маблағи 4050 сомонӣ харид намуда, онро ба КҲФ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо сирояти нави коронавирус супориданд.

Маросими супоридани маводҳои муҳофизатии инфиродӣ дар КҲФ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СРИҶҶ ВА ҶТ баргузор гардид.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.