Маълумотнома
Пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Cистемаи иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
7-уми апрели соли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон омӯзиши кӯтоҳмуддат оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 барои мутахассисони тиббии СРИҶҶ Ва ҶТ ташкил намуд.
Дар рафти омӯзиш кормандони тиббӣ бо маълумот оиди сирояти коронавирус, хусусиятҳои эпидемиологии он, чораҳои муҳофизати шахсӣ ва пешгирии он шинос шуданд.
Ҳадафи омӯзиши кӯтоҳмуддат мазкур баланд бардоштани маълумотнокии кормандони тибб дар бораи сирояти коронавирус дар муассисаҳои ислоҳӣ ва гузаронидани чораҳои пешгирикунандаи бехатарӣ дар ҷои кор аз бемориҳои сироятӣ мебошад.