Маълумотнома
Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии “Афиф” лоиҳаи нави "Пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар системаи Иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" -ро, ки бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” маблағгузорӣ карда мешавад, оғоз мекунад.
Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат ба системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти санитарӣ-эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии кормандон ва маҳбусони муассисаҳои СИҶҶ Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи лоиҳа баргузор намудани ҷаласаҳои иттилоотӣ барои кормандон ва маҳбусони системаи пенитенсиарӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус (COVID-19) ва бехатарӣ дар ҷойҳои корӣ, инчунин таъмини маводҳои пешгирикунанда ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин дахолат ба саъю кӯшишҳои муштараки системаи пенитенсиарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи саломатии маҳбусон, кормандон ва меҳмонони муассисаҳои ислоҳӣ мусоидат мекунад.