Аз 17 то 20 декабри соли 2019, дар шаҳри Душанбе, тренинги "Курс оид ба пешгирии мушкилотҳо оид ба маводи мухаддир ва ВНМО" баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби ТҶҶ «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд. Ба чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Хуҷанд ва НТҶ даъват карда шудаанд.
Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён бо бандҳои асосии Дастурамал оид ба тартиби амалигардонии пешгирии вируси норасоии масунияти одам дар байни ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ кор мекунанд, шинос шуда, дониши худро дар бораи намудҳои маводи мухаддир, моддаҳои психоактивӣ, хусусиятҳои истифодаи моддахои психоактивӣ ва нашъамандӣ, усулҳои равона кардани гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро барои дастрас намудани хизматрасониҳои дасрхостшуда беҳтар намуданд, ва инчунин малакаҳои суханронии оммавӣ оид ба пешгирии ВНМО ва истеъмоли маводи мухаддирро инкишоф доданд.
"Дар тренинги имрӯза ман фаҳмидам, ки чӣ тавр бо гурӯҳҳои осебпазир муошират кардан лозим аст ва ҳангоми муошират бо истеъмолкунандагони маводи мухаддир ё одамони бо ВНМО сироятёфта усулҳои дурустро истифода бурдан мумкин аст" - нақл намуд яке аз иштирокчӣ.
“Ман фаҳмидам, ки барои тағйири минбаъдаи рафтор ва беҳтар кардани зиндагии гурӯҳҳои осёбпазир сӯҳбат гузаронидан зарур аст. Бояд бо ҳама одамон, новобаста аз вазъи саломатиашон, хоҳ истеъмолкунандагони маводи мухаддир ва ё шахси бо ВНМО зиндагикунанда бошад, эҳтиёткорона ва дуруст муносибат кардан лозим аст», - фикри худро баён намуд иштирокчии дигар.
Тренинг дар доираи лоихаи "Дастгирии ташаббусҳо баҳри беҳтар намудани сиёсати миллӣ оид ба маводи мухаддир", ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” маблағгузорӣ карда мешавад, гузаронида шуд.