Маълумотнома
Аз январ то марти соли 2020, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хӯҷанд ва Хоруғ, Вохӯриҳои корӣ оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти ҳуҷравӣ оиди қонунгузорӣ дар бораи маводи нашъа ва нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегарданд.
Чорабиниҳо аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи "Дастгирии ташаббусҳо барои беҳтар намудани сиёсати миллӣ оид ба маводи мухаддир", ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” маблағгузорӣ карда мешаванд, ташкил карда мешаванд.
Ба чорабиниҳои мазкур кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ВТ ҲИА ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи проф. Ғуломов ВТ ҲИА ҶТ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмиллалӣ даъват карда шудаанд.
Вохуриҳои корӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019-2020 гузаронида мешаванд.