Маълумот
Аз 17 то 20 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе тренинги "Курс оид ба пешгирии мушкилотҳо оид ба ба маводи мухаддир ва ВНМО" баргузор мегардад.
Чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Дастгирии ташаббусҳо баҳри беҳтар намудани сиёсати миллӣ оид ба маводи мухаддир", ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” маблаггузори карда мешавад, ташкил карда мешавад.
Ба чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Хуҷанд, Душанбе ва НТҶ даъват карда шудаанд. Мақсади асосии тренинг баланд бардоштани донишу малакаҳои иштирокчиён оид ба масъалаҳои нашъамандӣ ва ВНМО, бехатарӣдар ҷои кор ва муоширати оммавӣмебошад.
Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён бо муқаррароти асосии Дастурамали татбиқи чораҳои пешгирии ВНМО барои кормандони мақомоти корҳои дохилии ВКД ҶТ шинос мешаванд, дониши худро дар бораи намудҳои маводи мухаддир, моддаҳои психоактивӣ, хусусиятҳои истифодаи моддахои психоактивӣва нашъамандӣ, усулҳои равона кардани гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро барои дастрас намудани хизматрасониҳои дасрхостшуда азхуд мекунанд, ва инчунин малакаҳои суханронии оммавӣ оид ба пешгирии ВНМО ва истеъмоли маводи мухаддирро инкишоф медиҳанд.
Тренинг дар доираи накшаи чорабиниҳои муштараки Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019-2020 гузаронида мешавад.
Макони гузаронидани тренинг:
ЧДММ “Маркази тиҷорат Созидание”
Оғози тренинг: 09:30
Барои гирифтани маълумоти иловаги илтимос ба мо занг занед:
+ 992 93 583 25 78
оё мактуб ба почтаи электрони фиристонед: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Директори ТҶҶ “Афиф”
Ибрагимов И.И.