Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии «Афиф» лоиҳаи нави панҷсолаи USAID ETICA барои барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ оғоз мекунад. Ҳадафи лоиҳа - паст кардани махдудиятҳои бемории сил дар Осиёи Марказӣ тавассути устувор намудани иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар муайян ва табобати бемории сил мебошад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Осиёи Марказӣ (USAID Central Asia) маблағгузорӣ карда мешавад.
Дар доираи лоиҳа, Афиф дар ошкорсозии беморони сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони мубталои бемории ВНМО мусоидат намуда ба онҳо кӯмаки иҷтимоӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад. Афиф доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони мубталои бемории ВНМО ва инчунин дар байни шахсоне, ки махсусан аз ин беморӣ зарар дидаанд, кор хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур дар ҳафт шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд амалӣ мегардад. Дар доираи лоиҳа ташкилот чорабиниҳои санитарӣ иттилоотӣ мегузаронад, ва дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ доир ба аломатҳои сил, мавҷудияти табобати ройгони бемории сил ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ саҳм мегузорад.