30 ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ш. Душанбе чорабинии иттилоотӣ, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии алайҳи бемории ВНМО, баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 300 нафар донишҷӯёни ДМТ, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
Чорабинӣ аз ҷониби ТҶҶ “Афиф” дар ҳамкории зич бо роҳбарияти ДМТ, Маркази ҷумҳуриявии ВНМО, хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назди ВТҲИА ҶТ ва Маркази ҷумҳуриявии Тарзи ҳаёти солим баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ сессияи иттилоотӣ оид ба роҳҳои гузариши сироят ва пешгирии он гузаронида шуда ба меҳмонони чорабанӣ филмҳои кӯтоҳмуддат дар бораи ВНМО/БПНМ намоиш дода шуданд ва дар байни донишҷӯёни ДМТ викторина ташкил карда шуд.
Инчунин ба донишҷӯёни маводҳои иттилоотӣ ва таълимӣ оид ба пешгирии ВНМО ва ҳифзи саломатӣ пешниҳод карда шуданд. Дар бахши фарҳангии барнома ансамбли рақсии “Наврӯз” барои донишҷуён баромад кард.