Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

МУСОИДАТ ДАР ҲАМОҲАНГСОЗИИ ЧОРАБИНИҲОИ ЗИДДИСИЛӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ КИШВАР

                                                                                                               logoafew tajikistan-01

 

 

 

МУСОИДАТ ДАР ҲАМОҲАНГСОЗИИ ЧОРАБИНИҲОИ ЗИДДИСИЛӢ

ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ КИШВАР

fototrgtj13 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Ҳифзи саломатӣ дар Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ  22 нафар намояндагони муассисаҳои ислоҳӣ, Марказҳои ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, ки дар амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим дар муассисаҳои ислоҳии кишвар фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.

fototrg2tjИштирокчиён бо нақшаи чорабиниҳои муштараки зиддисилии шарикон ва Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои соли 2018 шинос шуданд, ва инчунин стратегияи таъмини мониторинги клиникии босифат вобаста ба табобати беморони сил ва беҳтар намудани механизми интиқоли балғам аз муассисаҳои ислоҳӣ ба озмоишгоҳҳои шаҳрвандии ташхисиро муҳокима намуданд.  

Маълумот: Ташкилоти ҷумҳуриявии ҳамъятӣ «СФШҒ-Тоҷикистон» аз соли 2003 дар кори Гурӯҳи кории техникӣ оид ба ҳифзи саломатӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки  механизми доимии ҳамоҳангсозии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мусоидат намуда кӯмаки техникиро мерасонад. 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.