СФШҒ-Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикон шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятеро, ки хизматрасонии машваратдиҳии ихтиёрӣ ва ташхиси ВНМО-ро дар минтақаҳои гунрогуни Ҷумҳурии Тоҷикстон пешкаш менамоянд, таъсис менамояд.
15 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ бо иштироки намояндагони ҳашт ташкилоти ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи ВНМО хизматрасонӣ мерасонанд ва дар амалӣ намудани лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқӯқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ -2.0» иштирок менамоянд, баргузор гардид.
Ташкилкунандаи чорабинии мазкур Ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ «СФШҒ-Тоҷикистон» мебошад.
Дар рафти вохӯрии корӣ, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ масъалаҳои баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва дониш оид ба идоракунии барномавӣ, маъмурӣ ва молиявӣ, қоидаҳои муошират ва этикаи корпорративӣ дар доираи лоиҳаи муштараки «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқӯқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ -2.0», ки аз ҷониби ВКХ Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, муҳокима карданд.
Иштирокчиён инчунин механизмҳои ҳамкорӣ доир ба баланд бардоштани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба иттилооти илмӣ-асоснокшуда оиди саломатии ҷомеа, хизматрасониҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҳуқуқшинос, ки дар портали иттилоотӣ тиббии www.afew.tj хизматрасониҳои машваратӣ мерасонанд, муҳокима намуданд.
"Оғози ташаббусҳои нав ё лоиҳаи нав дар мавриде, ки шумо медонед чӣ бояд кард, чӣ гуна бояд кард ва ба чӣ ноил шудан лозим аст, ҳамеша осон аст. СФШҒ-Тоҷикистон ҳамеша таҷрибаи роҳнамоии шариконро истифода мебарад ва пеш аз амалисозии лоиҳаи нав, иттилоот дар бораи идоракунии барномавӣ, маъмурӣ ва молиявии лоиҳа, қоидаҳои муошират ва талаботи иҷрои айёнияти ташкилотро пешкаш менамояд. Ин маълумот ба мо дар муайян намудани афзалиятҳо ва иҷрои вазифаҳои мо дар доираи иҷроиши лоиҳа кӯмак мекунад», - иброз дошт Марам Азизамадов, директори ташкилоти ҷамъиятии «Волонтёр» дар Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар рафти чорабинии мазкур дурнамои ягонаи ҳамкорӣ ва ҳамгироии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки хизматрасониҳои ташхиси фаврӣ ва машварат оид ба ВНМО (МИТ) дар минтақаҳои гуногуни кишвар мерасонанд, таҳия карда шуд.
Маълумот: СФШҒ- Тоҷикистон аввалин ташкилоти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2016 хизматрасонии ташхиси фаврӣ ва машварат оид ба ВНМО-ро ба мизоҷони худ дар шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) пешкаш менамояд. Аз декабри соли 2017, бо дастгирии СФШҒ- Тоҷикистон, се ташкилотҳои ҷамъиятӣ – «Вита», «СВОН Плюс» ва «Амали нек» низ ба пешкаш намудани хизматрасонии ташхиси фаврӣ ва машваратдиҳӣ барои гурӯҳҳои осебпазари аҳолии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд шурӯъ намуданд. Умед ворем, ки дар семоҳаи дуюми соли 2018 боз ду ташкилотҳои ҷамъиятӣ («Волонтер» ва «Бузург») хизматрасонии МИТро дар шаҳрҳои Хоруғ ва Панҷакент ворид менамоянд.