ЧОРАБИНИИ МУШТАРАК БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ
13 феврали соли 2018 ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СФШҒ-Тоҷикистон» ба раёсати тиббии системаи Пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6900 нусха китобчаи «Пешгирии бемории сил,табобат,нигоҳубин ва дастгирӣ»-ро пешкаш намуд.
Мазмуни китобча бо маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои сили ВТҲИА ҶТ мувофиқа карда шуда ва аз тарафи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.
Маводи иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии маҳкумшудагон оид ба пешгирии бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣва аҳамияти риояи табобати бемории сил, пешбинӣ шудааст.
Маводи мазкур ба маҳкумшудагон дар рафти гузаронидани чорабиниҳои муштараки таълимии тиббӣ ва пешгирикунандаи зидди силии СРИҶҶ ВА ҶТ ва СФШҒ- Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои калонтарини кишвар ба нақша гирифта шудаанд, тақсим карда мешавад.
Ҳамаи маводҳои иттилоотӣ ва таълимии СФШҒ-Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тандурустии маҳкумшудагон, пешгирии ВНМО, сил, гепатитҳо ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ дар байни аҳолӣ, инчунин дастурҳои таълимӣ барои мутахассисон дар фасли «Захираҳо»-и портали иттилоотии тиббии www.afew.tj дастрас мебошанд.
Бо хабарҳои мо дар саҳифаи Facebook www.facebook.com/health шинос шавед.