Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Тренинги «Хизматрасонии иҷтимоӣ барои ШВЗ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид.

    logo gf     logo btg-tagline 2013      logoafew tajikistan-01      logo undp 0

 МАЪЛУМОТНОМА

Тренинги «Хизматрасонии иҷтимоӣ барои ШВЗ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид.

2foto17-toj17 ноябри соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппа тренинг дар мавзӯи «Хизматрасонии иҷтимо барои шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд (ШВЗ)» барои 22 кормандони иҷтимоӣ ва мушовирони баробар баргузор гардид.

Дар рафти тренинг иштирокчиён бо  усулҳои амалии мусоидат ба ШВЗ дар мустахкамкунии пайравӣ  ба табобати зидди ретровирусӣ (ТЗР) ва барқарор намудани табобат  тавассути машварат, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат дар  ҳалли мушкилотҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бо алгоритми барномаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои ШВЗ ва  беморони Сил/ВНМО, пешкаш намудани хизматрасониҳои машваративу иттилоотӣ дар асоси шабакаи шарикон ва таъсиси гурӯҳҳои худрасон шинос шуданд. Маълумот дар шакли интерактивӣ, нақшбозӣ ва  бозиҳо пешкаш  карда шуд.

foto17-toj«Дар тренинги имрӯза, ман фаҳмидам, ки дар тӯли чанд сол ман бо мизоҷони худ муносибати нодуруст мекардам.  Ҳамчун табиб, ман барои табобати мизоҷ масъулиятро ба дӯши худ  мегирифтам. Акнун ман мефаҳмам, ки бемор/мизоҷи барнома бояд аҳамияти табобатро худаш дарк намояд ва қарор  оиди гирифтани табобат  худаш қабул кунам. Ва ман ҳамчун корманди иҷтимоӣ бояд ба мизоҷ ин роҳро нишон дода ба қабул намудани қарори мустақилона ҳамгироӣ намоям» - мубодилаи афкор кард директори Маркази ВНМОи ш.  Ёвон,  Алифов Ҷаҳонбек.

Тренинги   «Хизматрасонии иҷтимоӣ барои ШВЗ» аз ҷониби ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи  «Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи  БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад ва лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқуқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ -2.0», ки  аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.