МАЪЛУМОНОМА
Масъалаҳои муолиҷа ва пайравӣ ба табобати зидди ретровирусӣ дар вилояти Хатлон муҳокима шуданд.
16 ноябри соли 2017 дар шаҳри Қурғонтеппа, ҷаласаи кории шарикони шабакаи таъминкунандагони хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар чорабинӣ 23 нафар намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи пешгирии бемории ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ ин муҳокимаи масъалаҳо ва таҳияи фаъолиятҳои муштарак барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар афзоиши дастрасӣ ба табобати зидди ретровирусӣ барои шахсоне, ки бо ВНМО зиндагонӣ мекунанд (ШВЗ) буд.
Иштирокдорони вохӯрӣ бо вазъи ташхиси клиникӣ ва табобати ТЗР барои ШВЗ, натиҷаҳои тадқиқот доир ба муайян кардани монеъаҳо дар пайравии ТЗР ва бо иттилоот дар бораи татбиқи лоиҳаи «Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад, шинос шуданд.
Вохӯрии корӣ дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби БРСММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад ва лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқуқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ -2.0», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд.