Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

7 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе курси ду ҳафтаина "Машваратдиҳӣ ва ташхиси ВНМО» барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ оғоз гардид.

    logo btg-tagline 2013                            gerb                              logoafew tajikistan-01

 

МАЪЛУМОТНОМА

7 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе курси ду ҳафтаина "Машваратдиҳӣ ва ташхиси ВНМО» барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ оғоз гардид.

Омӯзиш аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СФШҒ-Тоҷикистон" дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

USOtj2Дар доираи курси такмили ихтисос 10 корманди панҷ ташкилотҳои ҷамъиятӣаз ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе дониши касбии худро оид ба ташкили машварати ихтиёрӣва ташхиси ВНМО баланд хоҳанд кард.

Дар оянда мутахассисони ботаҷриба метавонанд мустақилона хизматрасониҳои машваратӣ ва ташхиси ВНМО-ро барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣпешкаш намоянд, ки ин ба ноил шудани ташаббусҳои UNAIDS 90х90х90 дар доираи татбиқи Барномаи миллии эпидемия ВНМО барои давраи солҳои 2017-2020 мусоидат менамояд.

Омӯзиш дар доираи лоиҳаи "Коҳиши норасоӣдар соҳаи тандурустӣва ҳуқуқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ- 2,0», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шудааст.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.