Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

26 октябри соли 2017 дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии корӣ оид ба «Саҳмгузории кормандони милитсия дар амалисозии Барномаи миллӣоид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» барпо гардид.

  logo btg-tagline 2013                             gerb                              logoafew tajikistan-01

  

МАЪЛУМОТНОМА 

26 октябри соли 2017 дар шаҳри Кӯлоб  вохӯрии корӣ оид ба «Саҳмгузории кормандони милитсия дар амалисозии Барномаи миллӣоид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» барпо гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «СФШҒ-Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» ташкил карда шуд.

Дар вохӯрии  мазкур 45 нафар намояндагони ВКД, дигар сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва аз шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

fotoRV-KulobtjМақсади асосии чорабинии гузаронидашуда - ин танзим ва васеъшавии хамкори  байни ВКД ҶТ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки  бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣдар соҳаи ВНМО дар доираи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси  норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолият доранд, мебошад.

Иштирокчиён бо муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Оиди  муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасои масуният», бо Дастурамали «Тартиби амалигардонии пешгирии сирояти ВНМО дар байни ҳайати шахсии ВКД ҶТ, ки бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ кор мекунанд» ва бо ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи пешгирии ВНМО ва қӯмаки иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣф аъолият доранд, шинос шуданд.

"Бо шарофати вохӯрии кории мазкур мо тавонистем наздиктар шинос шавем, фаолияти  худро нишон диҳем ва якҷоя бо кормандони милитсия роҳҳои бартараф намудани мушкилотҳоро дар пешниҳод намудани хизматрасониҳо барои одамони бо ВНМО зиндагикунанда ва нашъамандон муҳокима намоем».- фикри худро баён намуд Насим Файзов директори ТҶ «СВОН Плюс».

Вохӯрии корӣ дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқуқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия  маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд. 

http://www.afew.tj/tg/gallery/386-vokhurihoi-kori.html

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.