Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ЧОРАБИНИҲО ОИДИ ТАШҲИСИ ВНМО ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИ

  logo btg-tagline 2013                               gerb                         logoafew tajikistan-01

 

ЧОРАБИНИҲО ОИДИ ТАШҲИСИ ВНМО ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИ

Ташкилоти ҷамъиятӣҷумҳуриявӣ«СФШҒ-Тоҷикистон» дар ҳамкори бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҷуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО чорабинии муштаракро бахшида ба Рӯзи уммумиҷаҳонии мубориза бар зидди БПНМ гузарониданд.

foto-testirovanie-tjАз 17 то 23 октябр, 1586 маҳкумшудагони се калонтарин муассисаҳои ислоҳии дар Норак, Хуҷанд ва Ёвон бо машваратҳо ва ташхисӣ иҳтиёрӣ фаро гирифта шудаанд. Ба ҳама маҳкумшудагоне ҳоҳишманд, имконияти иҳтиёрона гузаштани аз ташхиси ВНМО ва гирифтани машваратҳои мутахассисони марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, пешниҳод карда шуд.

Чорабинии дар боло зикргардида дар доираи Ҳафтаи Аврупои оиди ташхиси ВНМО/гепатитҳо, бо дастгирии лоиҳаи «Қоҳиши норасои дар соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқҳо барои гурруҳои осепбази аҳолӣ-2.0», ки аз тарафи ВКҲ Нидерландия маблағгузори карда мешавад, гузаронида шуд.

Маълумот: «СФШҒ-Тоҷикистон»  дар давоми чаҳор соли охир дар Ҳафтаи Аврупоӣ оиди ташхиси ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд. Соли ҷорӣ яккумин маротиба маърака оиди ташхиси иҳтиёрии ВНМО дар муассисаҳои ислоҳии мамлакат гузаронида мешавад. 

http://www.afew.tj/tg/gallery/428-tashkhisi-vnmo-dar-muassisahoi-islohi.html

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.