ТАКМИЛ ДОДАНИ ДОНИШИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ТИБИИ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИ
Аз 13 июни соли 2017 дар заминаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои семоҳа барои беҳтар намудани малакаи кормандони тиббии муассисаҳои ислоҳӣ дар мавзӯи «Бемории сил ва шаклҳои мӯътадили он» гузаронида мешаванд.
Омӯзишҳо аз тарафи ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд.
Курсантҳои гурӯҳи якум омӯзишро бомуваффақият ба анҷом расонида, соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд ва метавонанд хизматрасонии махсусро ба беморони сил пешниҳод намоянд, инчунин барои баланд намудани категорияи тиббӣ ва музди меҳнати худ талабгор шаванд.
Рӯзи 13 сентябри соли равон, курсҳои навбатӣ барои гурӯҳи дуюми мутахассисони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид.
Мақсади асосии курсҳои мазкур аз баланд бардоштани дониши касбии кормандони тибби муассисаҳои ислоҳӣоид ба бемории сил ва беҳтар кардани фаъолият оид ба ошкори ва табобати сарвақтии бемории сил мебошад.
Маълумотнома: ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» аз соли 2003 инҷониб барномаҳои пешгирикунандаро оид ба ҳифзи саломатии маҳкумшудагон ва баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
http://www.afew.tj/tg/gallery/417-omuzishi-kormandoni-muassisahou-uslohi.html