Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

6 сентябри соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии корӣ оид ба «Дурномаҳои миллӣ доир ба васеъ намудани дастрасӣ ба ташхиси ВНМО. Чораҳои мукаммал дар иҷроияи дурномаи 90х90х90и UNAIDS» баргузор гардид.

 logo btg-tagline 2013                                gerb                              logoafew tajikistan-01

МАЪЛУМОТНОМА

6 сентябри соли 2017  дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии корӣ оид ба «Дурномаҳои миллӣ доир ба васеъ намудани дастрасӣ ба ташхиси ВНМО. Чораҳои мукаммал дар иҷроияи дурномаи 90х90х90и UNAIDS» баргузор гардид.

RV060917Khyjand2tj 2Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «СФШҒ-Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» дар доираи татбиқи нақшаи муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «СФШҒ-Тоҷикистон» барои соли 2017 сол ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур 50 намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин аз шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

RV060917Khyjand2tj 1Мақсади асосии чорабинии пешбинишуда - ин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ барои таъмини пешкаш намудани хизматрасониҳои ҳамаҷониба, ҳамоҳанг ва муттаҳид барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар соҳаи ВНМО ва Сил/ВНМО буд.

Дар қисми аввали вохӯрӣ иштирокчиён бо муқаррароти асосии дурнамои нави UNAIDS 90х90х90, фаъолияти асосии Барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 ва таҷрибаи «СФШҒ-Тоҷикистон» доир ба ҳамгироии хизматрасонӣ ва татбиқи МИТ шинос шуданд. Дар қисми дуюми чорабинӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣдар якҷоягӣ бо роҳбарони Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО қадамҳои амалиеро, ки барои татбиқи хизматрасонии МИТ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, коркард намуданд. 

2RVKjyjand060917tj"Ба шарофати вохӯрии кории мазкур ман доир ба чӣ тавр ташкил намудани ҳуҷраи  МИТ дар назди ташкилоти ҷамъиятӣ, аз чӣбояд корро оғоз намоям, кадом ҳуҷҷатҳои ба мо заруриро тайёр кунам ва ба кадом хадамотҳои давлатӣмуроҷиат карданамро  фаҳмидам. Ин гуна мулоқот, аз ҷумла, машқҳои амалӣ, ба андешаи ман, моро бо шарикони мо муттаҳид менамоянд ва метавонад ба рушди касбии шахсии ҳар як иштирокчӣтаъсири худро расонанд»-фикри худро баён мекунад Таҳмина Ҳайдаров, директори ТҶ «Шабакаи занони Тоҷикистонии мубталои ВНМО» дар шаҳри Душанбе.

Намунаи пешниҳодшудаи вохӯрии корӣ  ба намояндагони гурӯҳҳои ташаббускори RVKjyjand060917tjнашъамандони тазриқӣ,  ҷомеаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва  ташкилотҳои ҷамъиятие,  ки хизматрасониҳо дар соҳаи ВНМО мерасонанд, якҷоя бо директорони марказҳои пешгирӣва мубориза бар зидди ВНМО барои муҳокимаи масъалаҳои асосӣдоир ба амалӣнамудани фаъолиятҳое, ки ба дастрасии ташаббуси UNAIDS 90х90х90 дар татбиқи Барномаи миллии эпидемияи ВНМО дар давраи солҳои 2017-2020 кӯмак мерасонад, мусоидат намуд.

Вохӯрии корӣ дар доираи лоиҳа «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқуқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия, маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуд.

http://www.afew.tj/tg/gallery/386-vokhurihoi-kori.html

  




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.