Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

6 сентябри соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии корӣ оид ба «Дурномаҳои миллӣ доир ба васеъ намудани дастрасӣ ба ташхиси ВНМО. Чораҳои мукаммал дар иҷроияи дурномаи 90х90х90и UNAIDS» баргузор мегардад.

 logo btg-tagline 2013                       gerb                           logoafew tajikistan-01

 

МАЪЛУМОТНОМА

6 сентябри соли 2017  дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии корӣ оид ба «Дурномаҳои миллӣ доир ба васеъ намудани дастрасӣ ба ташхиси ВНМО. Чораҳои мукаммал дар иҷроияи дурномаи 90х90х90и UNAIDS» баргузор мегардад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «СФШҒ-Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, МД «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» дар доираи татбиқи нақшаи муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «СФШҒ-Тоҷикистон» барои соли 2017 сол ташкил карда мешавад.

Дар чорабинӣ 50 нафар намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин аз шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Мақсади асосии чорабинии пешбинишуда - ин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ барои таъмини пешкаш намудани хизматрасониҳои ҳамаҷониба, ҳамоҳанг ва муттаҳид барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар соҳаи ВНМО ва Сил/ВНМО мебошад.

Дар қисми аввали вохӯрӣ иштирокчиён бо муқаррароти асосии стратегияи нави UNAIDS 90х90х90, фаъолияти асосии Барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 2017-2020 сол ва таҷрибаи «СФШҒ-Тоҷикистон» доир ба ҳамгироии хизматрасонӣ ва татбиқи МИТ шинос хоҳанд шуд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО қадамҳои амалиеро, ки барои татбиқи хизматрасонии МИТ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, коркард мекунанд ва инчунин дар пешкаш намудани машварати пеш тести ВНМО машғулиятҳо мегузаронанд.

Вохӯрии корӣдар доираи лоиҳа «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқуқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ2,0», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия, маблағгузорӣ карда мешавад ташкил карда мешавад.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.