30 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Гурӯҳи кории техникӣ оид ба ҳифзи саломати дар Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Марказҳои ҷумҳуриявии ВНМО ва зиддисилии ВТҲИА ҶТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки фаъолиятҳои пешгиркунандаи муштарак дар муассисаҳои ислоҳии кишвар фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён бо маълумот доир ба чорабиниҳои лоиҳаи нави ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» оид ба васеъ намудани фарогирии маҳкумшудагон бо хизматрасонии МИТ ва мусоидат барои пайравӣ ба ТЗР ва бабобати бнмориҳои ҳамрадифи Сил/ВНМО пеш ва баъд аз озодшавӣ шинос шуданд.
Маълумот: Аз 15 августи соли 2017, ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» ба амалӣ намудани лоиҳаи «Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВМНО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби БРСММ дар чаҳорчӯбаи барномаи Хазинаи глобалӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва хуқуқҳо барои гурҳҳҳои осебпазири аҳолӣ- 2.0", ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Системаи пенитенсиарӣ амалӣ гардонии чорабиниҳо оид ба васеъ намудани фарогирии маҳкумшудагон бо машваратҳои ихтиёрӣ тотестӣ ва ташхиси ВНМО ва инчунин ташхиси минбаъдаи бемории силро давом хоҳад дод.