AFEW- Тоҷикистон фаъолияти худро дар вусъат додани ҳамкорӣ бо системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад.
25 августи соли 2017 дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани маводҳои канселярӣ барои ташкили омӯзишҳо дар байни маҳкумшудагон дар давраи соли хониши 2017-2018 гузаронида шуд.
Маводҳои канселярӣ ба мактабҳои умумӣ ва литсейҳои касбӣ-техникӣ, ки дар муассисаҳои ислоҳии СРИҶҶ фаъолият мекунанд, тақсим карда мешаванд.
Кӯмаки моддӣ бо дархости СРИҶҶ ВА ҶТ дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқҳо барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ- 2.0», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, пешкаш карда шудааст.
Маълумоти бештарро дар сомонаи www.hivgaps.org дастрас карда метавонед.
Бо маълумоти иловагӣ доир ба хабарҳои AFEW-Тоҷикистон шумо дар саҳифаи www.facebook.com/health.tj шинос шудан метавонед.