Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

1-ӯми декабри соли 2017 дар се шаҳри Тоҷикистон ҳуҷраи хизматрасонии машварати ихтиёрии то-тестӣ ва тесткунонии фаврӣ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ кушода шуданд.

         logo btg-tagline 2013                         gerb                            logoafew tajikistan-01

 

МАЪЛУМОТ

1-ӯми декабри соли 2017 дар се шаҳри Тоҷикистон ҳуҷраи хизматрасонии машварати ихтиёрии то-тестӣ ва тесткунонии фаврӣ дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ кушода шуданд.

 

dktvitatj1Маросими расмӣ оид ба оғози хизматрасонии машварати ихтиёрии то-тестӣ ва тесткунонии фаврии ВНМО (МИТ) дар назди ташкилотҳои ҷамъиятии «Вита», «СВОН Плюс» ва «Амали нек» гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ 62 нафар намояндагони Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд, Марказҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақвии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, мониторинг ва пешгири нашъамандӣ, солими репродуктивӣ, мутахассисони марказҳоибемориҳои нашъамандӣ, ҳимоя аҳолӣ аз бемории сил, ташкилотҳоиҷаъиятӣ ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аиштирок намуданд.  

dktvitatj2Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён тавонистанд аз таҷрибаи ташкили ҳуҷраи хизматрасонӣшинос шуда, аз машваратдиҳӣ ва тесткунонии ихтиёрии фаврӣ оиди ВНМО истифода баранд.     

Чорабинии мазкур бо сарпарастии  Раёсатҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам гузаронида шуд.           

Таъмир, таъминоти ҳуҷраи МИТ бо таҷҳизоти техникӣ ва омӯзиши  кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СФШҒ-Тоҷикистон» dktamalinektj1дар доираи лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ-2.0», ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблағгузорӣ карда мешавад, амалӣ карда шуд.

Аксҳо аз ҷорабинии мазкур дар сомонаи http://www.afew.tj/tg/gallery/455-nuktahoimitnazditj.html дастрас мебошанд.

Маълумот: Нуқтаи якуми хизматрасонии машварати ихтиёрии то-тести ва тесткунонии фаврии ВНМО аз 1-ӯми декабри соли 2016 фаъолиятро дар назди Намояндагии ТҶҶ «СФШҒ-Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон оғоз намуд. 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.