МАЪЛУМОТ
12 ноябри соли 2015 дар ш. Душанбе вохурии кори оид ба чамъбаст намудани лоихаи панчсолаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи саломати ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ, ки таҳти сарпарастии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шарикони байналмилалӣ ва донорҳо иштирок намуданд.
Дар рафти вохурии кори дастовардҳо ва тачрибахои омухташуда пешниход карда шуданд. Иштирокчиёни вохури бо таҷриба ва натиҷаҳои татбиқи усулҳои пешбар оиди пешгирии ВНМО, ҳамгироии хизматрасонӣ байни сохторхои тандурусти ва ҷамъиятӣ, инчунин роххои баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳое, ки оид ба пешгирии ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ кор мекунанд, шинос шуданд.
Дар хотимаи вохури ба шарикон ва иҷрокунандагони лоиҳа ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирави такдим карда шуданд.
Маълумот: Лоихаи «Кохиши норасои» як кисми барномаи байналмиллали, ки дар шонздаҳ кишвархои Аврупои Шарки, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ амали мегардад, мебошад. Хусусияти лоиха дар он аст, ки лоиха ба паст намудани сатхи тамгазани ва табъиз дар ҷомеа нисбати шахсони истеъмолкунандагони маводи мухаддир ва ба ин васила фароҳам овардани шароитхо барои фарогирии бештари онхо ба барномаҳои пешгирикунанда кўшиш мекунад. http://www.hivgaps.org/
Ба сомонаи мо www.afew.tj ташриф намоед.