Натичахои пешакии Хафтаи ташхиси ВНМО дар Точикистон «Огох бош, Аз ташхис гузар, Табобат намо!»
Дар Чумхурии Точикистон чорабинихои Хафтаи ташхиси ВНМО, ки дар давраи аз 23-38 ноябри соли 2015 гузаронида шуданд, ба итмом расиданд. Маъракаи санитарию фањмондадихи аз чониби Муассисаи давлатии «Маркази чумхуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ «СПИД Фонд Шарқу Ғарб - Тоҷикистон» (СФШГ) гузаронида шуд.
Дастаҳои муштарак, ки аз хисоби кормандони марказҳои минтақавии СПИД ва ташкилотҳои ҷамъиятии «Гули Сурх», «Роҳи зиндагӣ», «СВОН Плюс», Намояндаи СФШГ дар вилояти Хатлон иборат буданд, корхои фахмондадихиро дар байни 8309 ахолии шахрхои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Чкаловск, Б.Ғафуров, Ч. Расулов ва Спитамен гузарониданд. Дар мувофиқа бо Сарраёсати иҷрои чазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхо низ дар байни махбусони шаш муассисаҳои ислоҳие, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Норак ва Ёвон.воқеъ мебошанд, гузаронида шуданд.
Хамаги дар доираи Хафтаи ташхис 3529 нафар аз ташхиси ВНМО гузаштанд. Дар 46 ҳолат ташхиси фаври натиҷаи мусбатро нишон дод. Аз ин сабаб, аз чониби мутахассисони СПИД ташхисхои иловагӣ ташкил карда шуданд.
Хафтаи ташхиси ВНМО дар Чумхурии Точикистон бо дастгирии лоиҳахои СВШГ: «Огох бош, аз ташхис гузар, табобат намо!», ки аз чониби Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) маблаггузори карда мешавад, «Кохиши норасои дар сохаи саломати ва хукук барои гуруххои осебпазири ахоли», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия маблаггузори карда мешавад ва «Лоиха оиди пешгирии ВНМО» бо дастгирии молиявии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) гузаронида шуданд.