Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

МАЪЛУМОТ

                                                                                     

Шахс барои тамос:

                                    Икром Ибрагимов

Директори ТЧЧ «СПИД Фонд Шарку Гарб – Точикистон»

Тел.: +992 37 221-82-28

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 МАЪЛУМОТ

 

 

12 ноябри соли 2015 года гузаронидани вохурии кори оид ба чамъбаст намудани лоихаи панљсолаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи саломати ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» дар толори конфронсии мехмонхонаи «Серена» ш. Душанбе ба накша гирифта шудааст.

 

Лоихаи «Кохиши норасои» як кисми барномаи байналмиллали, ки дар  шонздаҳ кишвархои Аврупои Шарки, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ амали мегардад, мебошад. Хусусияти лоиха дар он аст, ки лоиха ба паст намудани сатхи тамгазани ва табъиз дар ҷомеа нисбати шахсони истеъмолкунандагони  маводи мухаддир ва ба ин васила фароҳам овардани шароитхо барои фарогирии бештари онхо ба барномаҳои пешгирикунанда кушиш мекунад. http://www.hivgaps.org/

 

Дар Чумхурии Тоҷикистон, лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи саломати ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ «СПИД Фонд Шарку Ғарб - Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо ташкилотхои давлати ва чамъияти, ки дар соҳаи пешгирии ВНМО дар байни истеъмолкунандагони маводи мухаддир фаъолият доранд, амали карда мешавад.

 

Дар рафти ин чорабинии ба нақша гирифташуда дастовардҳо ва тачрибахои омухатшуда пешниход карда мешаванд. Иштирокчиён метавонанд бо таҷриба ва натиҷаҳои татбиқи усулҳои пешбар оиди пешгирии ВНМО, ҳамгироии хизматрасонӣ байни сохторхои тандурусти ва ҷамъиятӣ, инчунин роххои баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳое, ки оид ба пешгирии ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ  кор мекунанд, шинос шаванд.

 

Дар чорабинӣ, ки таҳти сарпарастии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, иштироки 45 намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шарикони байналмилалӣ ва донорҳо пешбини шудааст.

 

Ба сомонаи www.afew.tj ташриф намоед.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.