Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Хамкории хадамоти тиббии пенитенсиари ва муассисахои тандурусти оиди пешкаш намудани хизматрасонии махсус ба махкумудагон инкишоф меёбад

                                                   

 

Ҳамкории хадамоти тиббии пенитенсиари ва муассисахои тандурусти оиди пешкаш намудани хизматрасонии махсус ба махкумудагон инкишоф меёбад    

 

22 сентябри соли равон дар шахри Хучанд ва 29 сентябри соли 2015 дар шахри Кургонтеппа вохурихои кории  шарикони шабакахои хизматрасонии тибби-ичтимои дар вилоятхои  Сугд ва Хатлон гузаронида шудаанд.

Намояндагони Сарраёсати ичрои ҷазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон (СРИЧЧ), марказхои вилояти ва минтакавии пешгири ва мубориза бо БПНМ, наркологии Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва ташкилотхои чамъиятие, ки доир ба пешгирии ВНМО дар байни гуруххои осебпазири ахоли дар якчояги  масъалахои бехтар намудани сифат ва бардавомии хизматрасони доир ба табобат, нигохубин ва дастгирии маҳбусони хомили ВНМО буда дар давраи гузариш пеш ва пас аз озодшави аз муассисахои ислохии вилоятхои Сугд ва Хатлон дида баромаданд. 

 

Иштирокчиёни чаласа бо маълумоти доир ба ташкил намудани табобати зиддиретровируси дар муассисахои ислохи, ки аз тарафи сардори раёсати тиббии СРИЧЧ Шарипов С. пешниход гардид, шинос шуданд. Дар баромади худ, Шарипов С. мушкилотхои   норасоии мутахассисони сохаи тиб дар муассисахои ислохи ва сатхи пасти дониш ва бохабарии мутахассисони сохаи тиббии муассисахои ислохи доир ба табобати зиддиретровируси, риоя ва пайрави ба табобат, нигохубин ва дастгирии ояндаи махбусоне, ки мубталои ВНМО мебошанд, кайд намуд.  

Мудири шуъбаи диспансерии Муассисаи давлатии «Маркази Чумхуриявии пешгири ва мубориза бар зидди БПНМи ВТХИА ЧТ» Нурляминова З. иштирокчиёнро бо вазъи таъмини муттасили дар табобати хомилони ВНМО дар давраи пеш ва пас аз озодшави аз муассисахои ислохи шинос намуд. Таваччухи махсус ба мушкилотхои сари вакт ошкорнаёбии ВНМО, таъиноти дермондаи табобати зиддиретровируси ва пас аз озодшави аз тахти назорати марказхои шахрвандии БПНМ баромадани махбусоне, ки табобати зиддиретровируси кабул менамоянд, нигаронида шуд.

Дар натичаи баромадхои намояндагони хадамоти пенитенсиари ва хадамоти тиббии шахрванди, иштирокчиёни вохурихоии кори лоихаи Накшаи муштараки  Раёсати тиббии СИЧЧ ва марказхои Чумхурияви ва минтакавии пешгири ва мубориза бар зидди БПНМ доир ба «Пешкаш намудани хизматрасонихои машварати ва тибби барои махкумшудагоне, ки мубталои ВНМО мебошанд дар муассисахои ислохии вилоятхои Хатлон ва Сугд» мухокима намуданд.  Лоихахои Накша бо назардошти пешниходхои мутахассисон ба мувофиканамоии сохторхои дахлдор равона карда шуд.   

Хамохангсози ва татбики амалии накшаи мазкур дастрасии доимии мутахассисони хадамотхои тиббии шахрвандиро, аз чумла марказхои БПНМро ба муассисахои ислохи барои пешкаш намудани ёрии метадологи барои мутахассисони тиббии СИЧЧ ва пешкаш намудани хизматрасонихои машварати барои махкумшудагоне, ки табобати зиддиретровируси кабул менамоянд, таъмин менамояд. 

Чорабинихои мазкур дар доираи лоихаи «Барномаи муштарак оиди пешгирии ВНМО дар байни махкумшудагон дар Казокистон, Киргизистов ва Точикистон », ки аз тарафи Очонси ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблаггузори карда мешавад, гузаронида шуданд.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.