Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Шарҳи чорабиниҳои муштараки СИҶҶ ва ТҶҶ «СПИД Фонд Шарқ Ғарб –Тоҷикистон » дар доираи авфи умумии соли 2014

16 октябри соли 2014 бо ташаббуси СИҶҶ дар  Душанбе  Вохӯрии ғайринавбатии Кории шабакаи шарикони таъминкунандагони хизматрасониҳо  баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони  СИҶҶ, Маркази вилоятии Хатлон оид ба пешгирӣ  ва мубориза бар зидди БПНМ ВТҲИ ҶТ, Дафтари асосӣ ва Намояндагии ТҶҶ «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» (AFEW), ТҶ «Вита» ш.Душанбе ва ТҶ «Ҳаёти нав» ш.Хуҷанд,  ки  вобаста бо пешгирӣ кардани ВНМО ва БС дар байни маҳкумшудагон ва кӯмаки иҷтимоии маҳкумшудагони озодшаванда кор мебаранд, иштирок намуданд. Намояндаи СИҶҶ ба шарикон дар бораи авфи умумии дар пешистода, ки ба ифтихори  20-солагии  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст, маълумот дода, пешниҳод намуд, ки имкониятҳои худро вобаста ба баргузории якҷояи чорабиниҳои санитарию маърифатӣ ва дорои хусусияти иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ дар давраи авфи умумӣ  иброз намоянд. 

Дар натиҷаи муҳокима иштирокчиёни вохӯрии корӣ Лоиҳаи нақшаи Муштаракро дар шароити авфи умумӣ бо дастур  доир ба иҷрои он, номгӯй-мундариҷаи маҷмӯи лавозимоти иҷтимоӣ-пешгирикунанда ва маълумотнома барои озодшавандагонро таҳия намуданд. Ин нақша 22 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.  Чорабиниҳои СИҶҶ, марказҳои СПИД ва хадамоти БС дар бар гирифтанд:  гузаронидани машварати ихтиёрӣ барои маҳкумшудагон ва ташхис ба ВНМО; фаро гирифтани кулли маҳкумшудагон  бо ташхис вобаста ба вазъи номаълуми бемории сил;  пешниҳоди хизматрасониҳо вобаста ба пешгирӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба маҳкумшудагони озодшаванда. Ташкилотҳои ҳамкори ҷамъиятии «Вита», «Ҳаёти нав» ва AFEW мебоист дар баргузории чорабиниҳои мазкур  кӯмаки техникӣ ва молиявии худро мерасониданд. 

24 ва 30 октябри соли ҷорӣ дар ш. Душанбе ва ш.Хуҷанд 1412 нафар маҳкумшудагон барои бемории сил аз ташхис гузаронида шуданд. Ташхиси БС бо роҳи  рентгеноскопия  дар муассисаҳои  Я/С 3/1 ва Я/С 3/3 гузаронида шуданд. Кӯмаки техникӣ  ва ташкилӣ аз ҷониби  AFEW  ва ташкилотҳои ҷамъиятии  «Вита» и «Ҳаёти нав» пешниҳод карда шуд.  Дар натиҷаи чорабиниҳои лоиҳавӣ оид ба ташхиси БС дар байни 43 маҳкумшудагони ташхисшуда, ки бинобар гирифторӣ ба БС гумонбар шудаанд,  2 ҳолати нави БС, 31 ҳолати тағйирёбии бофтаҳои шуш, 7 ҳолати плеврит ва 2 ҳолати илтиҳоби шуш   муайян карда шуд. 

Аз 28 октябр то 7 ноябри соли ҷорӣ 4762 нафар маҳкумшудагон аз шаш муассисаҳои ислоҳии СИҶҶ бо ташхис  барои ВНМО фаро гирифта шуданд. Тибқи нақшаи муштараки чорабиниҳо дар шароити авфи умумӣ, аз ҷониби мутахассисони марказҳои минтакавии  СПИД ш.Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд  дар байни маҳкумшудагоне,  ки   хоҳиш доштанд вазъи саломатии худро вобаста бо ВНМО бисанҷанд, машварат ва ташхис ташкил карда шуд.  Дар 60 ҳолат натиҷаҳои шубҳаовар ба даст омаданд,  ки ҳоло таҳти назорати мутахассисони марказҳои СПИД ва кормандони тиббии муассисаҳои пенитенсиарӣ қарор дода шудаанд.  

Дар рафти машварат ба маҳкумшудагон 13 010  адад маводҳои маърифатӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ кардани  ВНМО  ва САҶИ, китобчаи  «Киссахо дар бораи мардон ва занон», инчунин Маълумотнома барои озодшавандагон дода шуд.   Машварати ихтиёри ва ташхиси ВНМО ва тақсимоти маводҳои иттилоотию маърифатӣ дар доираи «Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО» бо иштироки кормандони тиббии МИ, бригадаҳои мутахассисони марказҳои минтакавии СПИД ва кормандони иҷтимоии Намояндагии  AFEW дар вилояти  Хатлон, ТҶ «Вита» ва ТҶ «Ҳаёти нав» баргузор дода шуданд. 

Аз 3 то 11 ноябри соли 2014-ум  908  маҳкумшудагоне,  ки тибқи авфи умумӣ озод шуданд, бо маводҳои пешгирикунанда ва маърифатӣ, кӯмаки иҷтимоӣ таъмин карда шуда, то минтақаҳои будубоши худ бурда расонида шуданд. Дар асоси дархости расмии СИҶҶ, дар доираи нақшаи муштараки чорабиниҳо дар шароити авфи умумӣ, аз ҷониби Намояндагии  AFEW дар вилояти  Хатлон, ТҶ «Вита» и ТҶ «Ҳаёти нав» ба ҳафт муассисаи ислоҳии СИҶҶ мусоидати мақсадноки техникӣ ва моддӣ расонида шуд.  

906 маҳкумшудагон, аз он ҷумла шахсоне, ки бо ВНМО зиндаги мекунанд (ШВЗ) бо маҷмӯи маводҳои пешгирикунандаи гигиенӣ ва маводҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуданд. Иҷрокунандагони Лоиҳа ба СИҶҶ бинобар ташкил кардани ҳамлу нақли гурӯҳии 358 нафар маҳкумшудагони озодшуда аз муассисаҳои ислоҳии ш.Норак ва ш. Ёвон то ш.Душанбе ва ҳамлу нақли инфиродии 78 нафар маҳкумони озодшуда аз фурудгоҳи автомобилии ш.Душанбе ба самтҳои  шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Панҷакент ва Хоруғ  мусоидат  намуданд.  

Дар марҳилаи авфи умумӣ (моҳи ноябр) ташкилотҳои шарикӣ кулли маҳкумшудагони озодшавандаро дар бораи хизматрасониҳои худ хабардор намуда, ба маҳкумшудагоне,  ки ҷиҳати  иштирок дар  Барнома ва бархурдор шудан аз хизматрасониҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ дар марҳилаи пас аз озодшавӣ хоҳиш изҳор намудаанд,  маҷмӯи маводҳои хизматрасониии кумаки иҷтимоиро дар давраи гузариш (Барномаи СТАРТ Плюс) дастрас намуданд.   

Кулли иштирокчиёни Барномаи СТАРТ Плюс, ба ғайр аз хизматрасониҳои машварати ихтиёри ва ташхиси ВНМО, ҳавасмандӣ нисбати табобати ЗРВ, табобат аз вобастагии нашъамандӣ, инчунин БС аз ташхис гузаронида шуданд.  Мавриди зарурият ба мизоҷони Старт Плюс бинобар барқарор намудани ҳуҷҷатҳо, таҳия намудани аризаҳо ҷиҳати дарёфти кӯмаки иҷтимоӣ, бақайдгирӣ дар марказҳи шуғл ва меҳнат, ҷустуҷӯйи курсҳо доир ба интихоби касб, таълим ва бо кор таъминкунӣ мусоидат карда шуд. 

_______________________________________________________________________________________________________________

Чорабиниҳо дар доираи авфи умумӣ дар заминаи ду Лоиҳаи ҷории AFEW ташкил карда шуданд: - «Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО», ки аз ҷониби Очонсии  ИМА оид ба рушди байналхалкӣ сармоягузорӣ мешавад, инчунин  «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи саломатӣ ва ҳуқуқи барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидердландия сармоягузорӣ мешавад.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.