Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

РОҲАНДОЗИИ «ЛОИҲА ОИДИ ПЕШГИРИИ ВНМО» ДАР ТОҶИКИСТОН

 

19 сентябри соли 2014 дар шаҳри  Душанбе  машварати  ғайринавбатии васеи  Гурӯҳи техникии корӣ  доир ба  ҳифзи саломатӣ дар Системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Ҷаласа  ба роҳандозии «Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО»- барномаи муштарак оиди пешгирии ВНМО дар байни мањкумшудагон дар Казокистон, Киргизистон ва Тољикистон», ки аз тарафи Ољонсии ИМА оид ба рушди байналхалки маблаггузори карда мешавад. Дар  Тоҷикистон «Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО» аз ҷониби Ташкилоти чумҳуриявии ҷамъиятии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон»  дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии «Вита» ва «Ҳаёти нав» татбиқ меёбад. 

Чорабинӣ таҳти раисии  Абдулҳақов  Баҳром, муовини сардори СИҶҶ  (дар акс дар марказ) бо иштироки муовини директори дафтари  кишварии USAID дар Тоҷикистон, хонум Дженна Тажчмэн (дар акс аз рост) ва директори «Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО»  ФЧ «СПИД Фонд Шарқу Ғарб дар Қазоқистон»,  ҷаноб Дудник Роман (дар аск аз чап) баргузор гардид.

Ҳадафи асосии  «Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО» -  ин паст кардани хавфи сироятшавӣ аз ВНМО дар байни маҳкумшудагон дар Осиёи Марказӣ, инчунин саҳмгузорӣ баҳри беҳбудӣ бахшидан ба ҳамкориҳо дар байни системаҳои пенитенсиарӣ, хадамоти наркологӣ ва марказҳои БПНМ мебошад.

Дар доираи Лоиҳа ба нақша гирифта шудааст,  ки 4120 нафар маҳкумшудагони      шаш муассисаҳои ислоњии СИҶҶ ВА ҶТ дар ш.Душанбе, Норак, Хуҷанд ва Ёвон  фаро гирифта шаванд.  Шарикони   «Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО»  дар ҳамкорӣ бо мутахассисони марказҳои маҳаллии БПНМ чораҳои пешгирии ВНМО-ро меомӯзонанд, чорабиниҳои иттилоотию адвокатониро  вобаста ба пасткунии сатҳи тамға ва ҳуқуқпоймолкунии маҳкумшудагон дар алоқамандӣ бо ВНМО ташкил медиҳанд, инчунин пешниҳоди  маҷмӯи хизматрасониҳои кўмаки иҷтимоиро барои маҳкумшудагони озодшаванда бо таваҷҷӯҳи махсус ба  шахсоне, ки бо ВНМО зиндаги  мекунанд (ШВЗ), нашъамандон ва  занони маҳкумшуда ташкил мекунанд.  

Ба ғайр аз кор бо маҳкумшудагон  «Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО»  баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои касбӣ дар байни 200 нафар кормандони тиббӣ ва ғайритиббии муассисаҳои ислоҳӣ, духтурон-нашъашиносон ва сироятшиносон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ,  ки бо маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон кор мебаранд, саҳм мегузорад.   

Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ 34 намоянда ва 25 агентиҳои байналмиллалӣ, хадамотҳои ҷумҳуриявии тандурустӣ ва ташкилотҳои маҳаллии ҷамъиятӣ, ки вобаста ба пешгирӣ кардани сирояти ВНМО дар байни маҳкумшудагон ва кумаки иҷтимоии маҳкумшудагони озодшаванда кор мебаранд, иштирок намуданд.    

Иштирокчиён ва ташкилкунандагони вохӯрӣ  айни муддао ва аҳамиятнокии Лоиҳаи роҳандозишавандаро қайд намуда, баҳри вусъатёбии ҳамкории самаранок,  ки бинобар такомули дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва баланд бардоштани сифати корҳои пешгирикунандаи муассисаҳои пенитенсиарӣ, хадамотҳои граждании тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ нигаронида мешаванд, азми худро иброз доштанд.

«Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО», ки аз ҷониби Очонсии ИМА оид ба рушди байналхалкӣ сармоягузорӣ карда мешавад, дар Тоҷикистон дар давраи аз 11 июни соли 2014  то моҳи майи соли 2016  татбиқ меёбад.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.