Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Маълумот дар бораи чорабинии муштараки АНМН, «СПИД Фонд Шарқу Ғарб –Тоҷикистон» ва ҶДММ «Вастан»

Маълумот  дар бораи  чорабинии  муштараки

АНМН, «СПИД Фонд Шарқу Ғарб –Тоҷикистон»  ва ҶДММ  «Вастан»

31 майи соли  2014 дар доираи чорабиниҳо бахшида  ба  Рузи байналмилалии мубориза бар зидди суйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти гайриконунии он, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии чумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб –Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо клуби варзишии  “Вастан” дар ш. Душанбе   чемпионат оид ба мусобиқаи дзюдо дар байни наврасони  солҳои таваллудашон  2000-2005 ташкил карда шуд.

Мусобиқаҳо таҳти шиори “Дзю-до бар зидди маводи нашъаовар” мегузаштанд. Пеш аз оғози чемпионат кормандони Агентӣ ба иштирокчиёни мусобиқа дар бораи фаъолияти идораи худ нақл намуда, ҳамзамон баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим даъват кардад.

Дар  чемпионат зиёда аз  100 варзишгарон иштирок карда аз байни онҳо беҳтаринҳо бо медалҳо, ифтихорномаҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи  «Коҳиши норасоӣ: Саломатӣ ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Нидердландия сармоягузорӣ мешавад, гузаронида шуд.

Маълумот  дар бораи  чорабинии  муштараки

АНМН, «СПИД Фонд Шарқу Ғарб –Тоҷикистон»  ва ҶДММ  «Вастан»




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.