Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Ташкилоти ҷамъиятии чумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб –Тоҷикиситон» (CФШҒ) ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии ВА ҶТ лоиҳаи навро доир ба пешгирӣ кардани сирояти ВНМО дар байни маҳкумшудагон ва кумаки иҷтимоии маҳкумшудаони озодшаванда, роҳандозӣ мекунанд

Ташкилоти ҷамъиятии чумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб –Тоҷикистон» (CФШҒ) ва Сарраёсати  иҷрои ҷазои ҷиноии ВА ҶТ лоиҳаи навро доир ба пешгирӣ кардани  сирояти ВНМО дар байни маҳкумшудагон ва кумаки иҷтимоии маҳкумшудаони озодшаванда, роҳандозӣ  мекунанд. 

 

 

Лоиҳа оиди пешгирии ВНМО – барномаи муштарак оиди пешгирии ВНМО дар байни махкумшудагон дар Казокистон, Киргизистон ва Точикистон», ки аз тарафи Очонсии ИМА оид ба рушди байналхалки маблаггузори гардида, аз ҷониби Фонди чамъиятии  «СПИД Фонд Шарқу  Ғарб» дар Қазоқистон, Фонди Ҷамъиятии  «СПИД Фонд Шарқу Ғарб» дар Қирғизистон, ТҶҶ «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» дар ҳамкории зич бо системаҳои  пенитенсиарӣ, дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои номбурда татбиқ меёбад.

 

Дар Тоҷикистон аз 11 июни соли 2014 то 10 майи соли 2016 чорабиниҳо доир ба паст кардани хавфи  сироятшавӣ аз ВНМО дар байни маҳкумшудагон, вусъат бахшидани дастрасӣ ба машварати ихтиёри ва ташхиси ВНМО, табобати ВНМО, амалӣ гардида, ҳамзамон мусоидат карда мешавад,  ки дар байни маҳкумшудагони  бо ВНМО  ҳаёт ба сар баранда ва шахсони аз ҷойҳои маҳрум аз озодӣ озодшаванда, ҳавасмандӣ нисбати табобати ЗРВ  таъмин карда  шавад.

 

Дар доираи Лоиҳа ба нақша гирифта шудааст,  ки  бо чорабиниҳои маърифатӣ ва кўмаки иҷтимоӣ 820 нафар маҳкумшудагон фаро гирифта шаванд, инчунин 200 нафар кормандони тиббӣ ва ғайритиббии муассисаҳои СИҶҶ ВА ҶТ, нашъашиносон,  сироятшиносон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  ташкилотҳои ҷамъиятӣ омӯзонида шаванд.

 

Чорабинӣ доир ба роҳандозии Лоиҳа дар Тоҷикистон 19 сентябри соли 2014 барпо мегардад.

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.