24 март бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) Рӯзи Умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил (World Tuberculosis Day) ҷашн гирифта мешавад, ки маҳз дар ин рӯз ҳанӯз соли 1882 микробиологи олмонӣ Роберт Кох (Robert Koch) дар бораи аз ҷониби ӯ кашф намудани барангезандаи бемории сил эълон кард.
Ҳадаф аз гузаронидани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил, пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи бохабарии аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ ва кӯшишҳо вобаста ба несту нобудсозии он, усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо вай мебошад.
Соли 2014, дар Тоҷикистон, аз ҷониби Ташкилоти чамъиятии чумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» ташаббусҳои ҳамкорони маҳаллӣ дар баргузори чорабиниҳои ахборотӣ-адвокати бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар Системи ичрои чазои чиноятии ВА ҶТ дастгирӣ карда шуд.
Дар давраи аз 17 то 28 марти соли 2014 аз ҷониби ТҶ «ВИТА» (ш. Душанбе), ТҶ «Ҳаёти нав» (ш. Худжанд) ва ТҶ «Сино» (ш. Қӯрғонтеппа) дар байни маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳии ЯС 3/3 ва 3/5 ш. Хуҷанд, ЯС 3/1 ва 3/4 ш. Душанбе, ЯС 3/6 (ш. Ёвон) ва 3/8 (ш. Норак) як силсила сессияҳои ахборотӣ дар мавзӯи "Бемории сил, роҳҳои гузариш ва тадбирҳои пешгирикунанда" ташкил карда шуданд. Сессияҳои ахборотӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Марказҳо оид ба мубориза бар зидди бемории сил, бо расонидани ёрии минбаъдаи инфиродии машваратӣ ба маҳкумшудагон гузаронида шуданд. Ҳамзамон саволу ҷавоб ва озмунҳо барои дарёфти бюллетени беҳтарин дар мавзӯи бемории сил ва тақдими мукофотҳои хотиравӣ ба ғолибони озмун доир гардиданд. Бо чорабиниҳои ахборотию адвокатонӣ 120 нафар фаро гирифта шуданд.
Чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи USAID "МУОШИРАТ ОИДИ ВНМО ВА БЕМОРИИ СИЛ" гузаронида шуданд, ки баҳри пешгирии бемории сил дар байни маҳкумшудагон, мусоидат барои ҳавасмандӣ вобаста ба табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ намудани маҳкумшудагони гирифтори бемории сил дар давраи озодшавии онҳо аз чойхои аз озоди махрум нигаронида шуданд.