13-14 марти соли 2014, дар шаҳри Душанбе тренинги «Пайрави ба табобати зиддиретровирусӣ (ТЗР), нигоҳубин ва дастгирӣ ҳангоми сирояти ВНМО» баргузор гардид, ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Маркази чумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар тренинг 20 нафар корманд аз 11 ташкилотҳои ҷамъиятии 5 ноҳияхои кишвар иштирок намуданд. Хеле муҳим аст, ки дар тренинг 2 нафар намояндаи хадамоти тиббӣ (Марказҳои мубориза бар зидди бемории сил ва СПИД) низ иштирок намуданд. Мақсад аз тренинги мазкур омӯзонидани донишу малакаи машваратдиҳӣ ҳангоми гирифторӣ ба сирояти ВНМО, пайрави ба табобати зиддиретровирусӣ, нигоҳубин ва дастгирӣ мебошад.
Рӯзи аввали тренинг ба муҳокимаи чунин масъалаҳои муҳим бахшида шуд, мисли системаи масуният, вазифаҳои он ва давраи қобили фаъолияти ВНМО бе табобат, мақсад ва принсипҳои табобати зиддиретровирусӣ (ТЗР), гурӯҳҳои асосии доруҳои зиддиретровирусӣ, омилҳои таъин кардани табобати зиддиретровирусӣ, усулҳои дастгирӣ кардани пайравӣ, таъсири манфии табобат бо доруҳои зиддиретровирусӣ, кўмаки иҷтимоии табобати зиддиретровирусӣ. Ҳамаи мавзӯъҳо на танҳо дар шакли намоиши мултимедиа, муҳосираи зеҳнӣ, балки намоиши фаъоли амалӣ доир ба ин мавзӯъҳо пешниҳод карда шуданд.
Таркиби машварат оид ба масъалаҳои ҳавасмандӣ нисбати муолиҷаи ЗРВ, малакаҳои машваратчӣ, шахсият ва хусусиятҳои инфиродии машваратчӣ, фароҳам овардани шароит барои машварат дар рӯзи дуюми тренинг мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳангоми баррасии масъалаҳои мазкур усули фаъоли ҳамкории иштирокчиён– кори дукаса ва кор дар гурӯҳҳо истифода карда шуд.
«Тренинги мазкур, бешубҳа, савияи дониши маро оид ба ҳавасмандӣ нисбати муолиҷаи ЗРВ (АРВ) баланд бардошт, – таасуроти худро чунин баён мекунад яке иштирокчиёни тренинг. – Ин ба як қатор омилҳои муҳим мусоидат намуд – корозмудагии баланди тренерони МҶ СПИД, гуногуншаклии пешниҳоди мавод, муҳити осудаи дӯстона, ки дар тӯли тренинги дурӯза ҳукмфармо буд. Мо мавзӯҳои сершуморро мавриди баррасӣқарор додем, аз он ҷумла чунин як мавзӯи мубрами рӯз, мисли ташаккулёбии ҳавасмандӣ нисбати муолиҷаи ЗРВ, шартҳои всуъатёбии муќовимат ва кумаки иҷтимоӣҳангоми сирояти ВНМО. Умед дорам, ки дониши азхуднамудаам дар фаъолияти оянда ба ман кӯмак мерасонанд».
Тренинг дар доираи лоиҳаҳои «Мустањкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миќёси чорабинихои профилактики, табобат ва нигохубин барои нигох доштани пахншавии эпидемияи ВНМО дар Чумхурии Точикистон», ки аз ҷониби Хазинаи глобалии мубориза бар зидди СПИД, сил ва вараҷа сармоягузорӣ мешавад, инчунин «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи саломатӣ ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ», ки аз ҷониби Вазорати корњои хоричии Нидердландия сармоягузорӣ мешавад, гузаронида шуд.