11 феврали соли 2014 дар шаҳри Душанбе бо иштироки 35 нафар кормандони муассисахои тандурустӣ, омӯзгорони Академияи ВКД ҶТ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ вохӯрии корӣ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» ташкил карда шуд.
Тибқи ахбороти Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷафаров Навруз дар соли 2013 аз ҷониби ВТҲИА ҶТ дар якҷоягӣ бо ТҶҶ «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» портали электронии фаъоли тиббӣ таъсис дода шудааст, ки таъмини кори он ба зиммаи дастаи мушовирони тиббӣ дар ҳайати панҷ нафар ва 12 ҳамоҳангсози нуқтаҳои иттилооти, ки дар заминаи марказҳои минтақавии СПИД дар даҳ ноҳияи кишвар ва Академияи ВКД ҶТ ҷойгир гардидаанд, вогузошта шуда буд. Вазифаи манбаи иттилоотии мазкур – баланд бардоштани сатҳи хабардоршавии аҳолӣ дар бораи бемориҳои сирояткунанда (ВНМО, бемории сил, гепатитҳои вирусӣ ва САҶИ), зарар аз истифодабарии маводҳои нашъаовар ва такмили ихтисоси мутахассисоне, ки дар соҳаи муҳофизати тандурустӣ фаъолият мекунанд.
Манбаи таъсисдодаи интернетӣ баҳри беҳбудӣ бахшидани дастрасӣ ба маълумот дар соҳаи пешгирии бемориҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ кардани шахсоне, ки бо ВНМО, бемории сил ва шахсони вобастаи (мутеъи) маводҳои нашъаовар ҳаёт ба сар мебаранд, саҳм мегузорад. Иштирокчиёни вохӯрӣ натиҷаҳои кори портали ахборотии тиббии мустақимро дар соли 2013, инчунин амалиётҳои нави ҳамкории дастаи мутахассисони миллии ВТҲИА ҶТ, ҳамоҳангсозони нуқтаҳои иттилоотиро мавриди баррасӣқарор доданд, ки ҷалби васеи ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷиҳати кор бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ё аз паҳншавии ВНМО ва бемориҳои дигари сироятӣ осебёфта, пешбинӣ менамояд.
Тибқи маълумотҳои ТҶҶ «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» дар соли 2013 кормандони портали электорнӣ ба 2994 суолҳои ташрифовардагони платформаи мазкур посух доданд. Ба туфайли афзудани шӯҳрати онлайн платформа, танҳо дар моҳи январи соли 2014 оид ба пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ кардани онҳо 508 суол ворид гардид. Портали тиббии ахборотии мустақим (онлайн) аз ҷониби Лоиҳаи «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи саломатӣ ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ», ки онро Вазорати корҳои хориҷии Нидерландия сармоягузорӣ менамояд, дастгирӣ карда мешавад.